10 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти маъракаи пахтасупорӣ ва қадршиносии кишоварзони навоҳии пахтакор баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.



Кишоварзони вилояти Суғд бо меҳнати фидокорона ва талошу заҳмати аҳлона нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.
9 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба манзили якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла собиқадори соҳаи тиб Фрҳод Юсупов, собиқадорони соҳаи хизматрасонӣ Назарбобо Пўлодов ва Омина Пўлодова, Табиби халқии собиқ ИҶШС Малика Холматова рафта, онҳоро аёдат намуд.
8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. 8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.
