Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардида, чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорвои калон ва хурди зотиро ба намоиш бароварданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода, аз фестивал-намоиш боздид намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ташкили намоиши чорвои зотӣ ин пеш аз ҳама зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво мебошад.



Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.
Имрӯз дар маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор гардид.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Истиқлол боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора зимни муаррифи лоиҳаи корхонаи нав ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд.
