Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуд, дидан намуданд.

Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинони шарафманду заҳматпешаи шаҳри  Истиқлол бо ифтихори баланди ватандорӣ ва суруру шодмонӣ иштирок намуда, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои осорхона дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бо тарҳи меъмории миллӣ навсозӣ карда шудааст.

Бинои осорхона 1-ошёна буда, дар он 3 толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихии шаҳри Истиқлолро бозгӯӣ мекунанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкур дар Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта ба вуҷуд омадааст, амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Росатом»-и Федератсияи Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолӣ ба истифода супориданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолии шаҳр ба истифода супориданд.

Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 325-миллиметра аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хати оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад. Оби нӯшокӣ бо қубури асосӣ дар ҳаҷми 110 метри мукааб об дар як соат ба обанбори “Офтобак”-и шаҳр интиқол дода мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ҷонби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Нури Ховар” бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ қариб 15 зану духтари хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, рахти хоб ва либосҳои гуногуни миллӣ машғуланд.