Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оилаи ҳунарманди шодравон Дамирбек Олимовро аёдат кард

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич оилаи ҳунарманди маҳбуб, шодравон Дамирбек Олимовро аёдат кард.

Дар суҳбат бо падари ҳунарманди шодравон Ботур Олимов роҳбари вилоят аз хизматҳои Дамирбек Олимов дар рушди санъати тоҷик ситоиш карда, даргузашти марҳумро, ки ҳанӯз 33 сол дошт, талафоте барои фарҳангу ҳунар арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки суруду таронаҳое, ки Дамирбек Олимов иҷро кардааст, дар хазинаи фарҳанги миллат маҳфуз хоҳад монд.

Дар ноҳияи Деваштич кишти картошка оғоз ёфт

Дар ноҳияи Деваштич, ки аксари кишоварзонаш ба картошкапарварӣ машғул ҳастанд, ба кишти картошка оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия дар оғози кишти картошка иштирок карда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия дод, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ ба кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ диққати махсус дода, киштро сари вақт ба итмом расонад. Зеро сари вақт кишт намудани зироати гуногун барои ҳосили фаровон замина гузошта шуда, дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин мегардад.

Дар ноҳияи Спитамен корҳои саҳроӣ вусъат меёбанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба хоҷагии деҳқонии «Миркамол» ташриф оварда, дар маъракаи кишти пахта иштирок намуд.

Дар ноҳияи Спитамен, ки аз навоҳии пахтакор маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ тибқи нақша 6400 гектар пахта кишт хоҳад шуд. Бо гармшавии ҳаво корҳои саҳроӣ дар ноҳия вусъат ёфта, кишоварзон барои ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ меҳнат намуда истодаанд.

Спитамен. Раиси вилоят собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат намуд

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат кард.

Абдурашид Ҷабборов 10 октябри соли 1950 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шуда, соли 1968 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1973 дар колхози ҳамонвақтаи “Украина” ҳамчун гидротехник оғоз намуда, дар давоми фаъолияти кории худ дар соҳаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен кор кардааст. Мавсуф иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизматҳояш бо як қатор медалу ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Спитамен

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ҶДММ "Шири Спитамен" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият" шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” соли гузашта ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 60 садяк бунёд гардида буд ва аз ду хати истеҳсолӣ иборат аст. Дар корхона 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, шири қиёмкардашуда, сметана, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка, истеҳсол мешавад. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушкро дар бар мегирад. Истеҳсоли шири хушк, ки дар корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан, он аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Шири хушк дар бозор рақобатпазир буда, инчунин, ба содирот нигаронда шудааст.