Баргузории Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ

Имрӯз дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорон, намояндагони шарикони рушди Тоҷикистон ва васоити ахбори умум иштирок доштанд

Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузориро ифтитоҳ намуд ва сипас ҳисоботи котиби Шўро — сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи панҷуми Шўро шунида шуд. Чуноне маълумот дода  шуд, зиёда аз 140 лоиҳаҳои инвестисионии вилоят ба мабалғи умумии зиёда аз 4,9 млрд. дол. ИМА ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид карда шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2021, №358 тасдиқ гардидааст. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 268,2 млн. доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,6%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз аввали бақайдгирӣ 112341 нафарро ташкил медиҳад.

Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст либосу туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд

Дар арафаи Соли нави мелодии 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат кард.

Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар мактаб — интернат шинос шуда, барои таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор додани тарбиятгирандагони муассиса ба масъулин супоришҳо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи  тарафайнро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз дар маркази хизматрасониии "Раъно", воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.