Ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ диплом ва ҷоизаҳо супорида шуд

Бегоҳии рӯзи 14 октябр дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки 3000 нафар варзишгарон, мураббиён, собиқадорони соҳа, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии вилоят, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Рафик Валиев нахуст даври финалии чемпионатро тамошо карданд.

Даври финалии чемпионати мазкур аз рӯи 8 вазн, аз ҷумла 4 вазн аз намуди тарзи озод ва 4 вазн аз намуди классикӣ дар алоҳидагӣ сурат гирифт. 

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Меҳргон

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дўстию рафоқати одамон бо якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст. Ба ин муносибат ҳамаи пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва кулли бошандагони вилоятро табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамаатон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар саодати рӯзгоратонро орзу менамоям.

Иди Меҳргон, ки рўзи Меҳр ҳам меноманд, асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекунанд. Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб омада, ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс кардааст. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавишт, тўҳфаҳо тақдим менамуд. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум манзилашро тоза мекард, беҳтарин либосашро мепўшиду ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, ин рўз рӯзи фараҳбахш ба ҳисоб меравад.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи соҳибкорон

Муҳтарам соҳибкорон!

Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола  14 октябр ҳамчун рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи соҳибкорони вилоятро самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ, хушиҳои  рӯзгор ва саодату сарбаландӣ  таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр карданд: “Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад”.

Маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ

13 октябри соли 2023 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ варзишгарон - парчамбардорони Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон дастоварду муваффақиятҳои шоиста таманно намуд.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ шинос гардид.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонии ноҳия аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешавад.

Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Соҳибкорони бонангу номуси деҳаи Хуҷаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал​ саҳмгузор бошанд.