7 апрел дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи мазкур дорои 2 адад бинои таълимӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мебошад. Иқтидори мавҷудаи лоиҳавии муассиса барои 150 нафар хонанда дар як баст буда, айни замон дар ду баст 329 нафар хонандагон, аз ҷумла 165 нафар духтарон, дар 14 синф таҳсил доранд.



6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхисии тиббӣ, осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” ба анҷом расонида мешавад.
6 апрели соли 2023 аввалин гуруҳи даъватшавандагон дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол, даъватшавандагону волидони онҳо чорабинии бошукуҳ доир гардид.

