Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифт.
Раиси вилоят аз ҷумла собиқадорони меҳнат Абдумуъмин Мамаюсупов ва Зокирҷон Иброҳимовро ҳолпурсӣ намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва зиндагии орому осударо орзу кард. Таъкид карда шуд, ки роҳбарияти вилоят дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадорони меҳнатро дастгирӣ менамояд.
Собиқадорони меҳнат дар навбати худ барои ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуданд.



Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошобаи ноҳия дар маъракаи кишти пахта иштирок кард.
5 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт аз пойгоҳи обкашии «АНС-2»-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия боздид намуд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бунёди як қатор иншооти гуногун ҷараён дорад.
