7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон омада, аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Раиси вилоят ба манзили ҷанговари байналмилал Ҷамшед Ҳафизов ва иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Давлат Занбӯров ташриф оварда, 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфт.
Қайд карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони мамлакат буда, дар ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бебаҳо саҳми фарзандони диловари Ватан назаррас аст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша меҳнату заҳмати фидокоронаи фарзандони шуҷои меҳанро қадр мекунад.



7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
7 сентябри соли 2023 дар Қасри Арбоб бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос гардид.

