
23 октябр дар маркази вилоят бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъбасти бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои корӣ мусоидат менамояд.
Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 сентябри соли 2023, №267 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2023» санаи 1 октябри соли равон бистрўзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд. Имрӯз бошад бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат буд.




Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо роҳбарии Гузал Тоҷимирзоева ба ҳузур пазируфт.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифт.
20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен рафти ҷамъоварии пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
