7 сентябри соли 2023 дар Қасри Арбоб бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони мақомоту идораҳои давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.
Раиси вилоят нахуст ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози таърихӣ - 32-солагии Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони мамлакати азизамон мебошад, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд.



Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Равасвамиро ба ҳузур пазируфт.
4 сентябри соли 2023 ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи калони фаъолон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда шуданд.
