Боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз, шанбеи 4 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии нисбатан арзон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид карда, таъкид кард, ки ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.

Раиси вилоят ба масъулин барои назорати доимии нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда супоришҳои мушаххас дод. Қайд карда шуд, ки вилоят дорои имкониятҳои зиёд буда, кишоварзон ва саноатчиёни вилоят барои таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат мекунанд.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳар сол 6-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон бо шукўҳи хос таҷлил мегардад, ба сокинони шарафманди вилоят сидқан табрику таҳният мегўям.

Ин санади раҳнамо, ки дар шароити ниҳоят душвори вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи халқи шарафманди кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ба истиқрори сулҳу субот, низоми ҳаёти ҷомеа, барқарор гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмўъ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем”.

Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Аснои сафар роҳбари вилоят дар ҷамоат сохтмони муассисаи нави таълимӣ ва маркази хизматрасонии соҳибкорони маҳаллиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, барои суръатбахшии корҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораи сохтмони асосӣ супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳри Исфара теъдоди зиёди иншооти иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа симои шаҳраку деҳот дигаргун шуд. Сокинон ва соҳибкорону саховатмандони шаҳри Исфара низ дар пайравӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ободии маҳал, бунёди марказҳои хизматрасониву мактабу кӯдакистонҳо, гармхонаву сардхонаҳо, мумфаршкунии роҳҳо саҳми шоистаи худро мегузоранд, ки ин боиси таҳсин аст.

ҶДММ «Суғдтекстайлз» дубора ба фаъолият оғоз мекунад

26 октябр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» Ҳошимян Гагиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи бакорандозии ҶДММ «Суғдтекстайлз»​ (собиқ корхонаи​ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») ва модернизатсияи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.​

Тавре таъкид карда шуд, корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, фаъол гардонда шуда, иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода ва ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти саноатӣ зиёд карда хоҳад шуд.​

Мулоқот бо намояндагони ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон

26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи​ татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят аснои мулоқот аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, густариши робитаҳоро самараи сиёсати роҳбарони давлат​ҳо арзёбӣ кард.

Тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз​ татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.