9 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов машварати корӣ доир намуд.
Дар машварати корӣ нахуст раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 7 моҳи соли ҷорӣ гузориш дод. Қайд карда шуд, ки сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳлона меҳнат намуда, барои афзун намудани нишондиҳандаҳо кӯшиш намуда истодаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарӣ идома дошта, дар 7 моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз иҷро гардид.



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти татбиқи лоиҳаи таъминоти сокинони деҳоти Сомониён ва Ҳаёти нав бо оби нӯшокӣ шинос гардид.
Дар шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардида, вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри бостонии Исфара рушду тараққӣ ёфта, дар шаҳраку деҳоти он корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.
