Қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст "

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ​ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони ​ даври вилоятии ​ озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо пирўзияшон муборакбод намуда,​ иброз дошт, ки​ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, дарёфти ​ чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ бо пешниҳод ва сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки​ озмуни ҷумҳуриявии "Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст" гузаронида мешавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 2800 гектар чормағзи заминӣ кишт шудааст

Дар ноҳияи Мастчоҳ кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шуруъ намудаанд Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни ҳосилғундорӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 2800 гектар чормағзи заминӣ кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 гектар зиёд мебошад.

Раиси вилоят​ дар хоҷагии деҳқонии «Боқӣ Ҳаким» бо аъзои хоҷагӣ ва масъулони соҳаи кишоварзию обрасонӣ суҳбат намуда, рушди соҳаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулот муҳим арзёбӣ намуд. Тавре мушоҳида гардид, дар ин хоҷагӣ бо усули хос ҷамъоварии чормағзи заминӣ идома дорад.

Кишоварзону аҳолии ноҳияи Мастчоҳ аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло 90 фоизи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ рост меояд. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар ноҳия 14-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

14 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзӣ шинос гардид.

Коргоҳи мазкур дар доираи тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи кафшдӯзии ҶДММ “Ҳаётулло” бунёд гардида истодааст. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Иноятулло Иноятов сохта шуда, бо дастгоҳҳои муосири сохти Чин муҷаҳҳаз мегардад.

Бинои коргоҳ аз ду ошёна ва як таҳхона иборат аст. Тибқи нақша баробари ба фаъолият оғоз кардан ба корхона то 20 нафар занону духтаронро ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

Иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ беш аз 10 ҳазор ҷуфт кафшро ташкил медиҳад, ки асосан барои мактаббачагон пешбинӣ шудааст.

Хабаргирии собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили сокинони шаҳраки Бӯстон Зиёхоҷа Зокиров ва Зайниддин Заҳруддинов омада, бо пирони рӯзгордида, ки солҳои зиёд барои рушди хоҷагии халқ хизмат намудаанд, суҳбат намуд.

Қайд карда шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳаёту фаъолияти собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, ин қишри ҷомеаро мунтазам дасргирӣ менамояд.

Ба собиқадорони меҳнат аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

14 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар» бо кишоварзон суҳбат намуда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани ҳосил супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз ёфта, саҳмдорони​ хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар» барои иҷрои нақша аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.​

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия ситоди “Ҳосил - 2023” таъсис дода шуда, раисони ҷамоатҳои деҳоти пахтакор, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди пахта барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, ҳавасманд намудани чинакчиён ва сари вақт пардохт кардани музди кори онҳо, қабули пахта дар корхонаҳои коркард вазифадор карда шудаанд.