21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид кард.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ҳавзҳои зиёди моҳипарварӣ ташкил гардида, парвариши гулмоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ амалӣ гардидааст.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки зиёд намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ ва шумораи он идома дошта, дар майдони зиёда аз 3 гектар бунёди ҳавзҳои нави моҳидорӣ ҷараён дорад. Масъулин азм доранд боз 20 адади дигар ҳавз бунёд намуда, шумораи умумии моҳиро то 3 миллион расонанд.



Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен Диёрбек ва Сироҷбек Мирзобоевҳоро аёдат кард.
19 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифт.
19 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Имрўз дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи хизматрасонии тарабхонаи туркии “Анситу” ифтитоҳ гардид.
