18 феврал Раиси вилояти Суғд намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини сокинон бо маводи ғизоии нисбатан арзон ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ мебошад.
Дар вилояти Суғд бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам бунёди токзори нав идома дорад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбари хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои ташкили токзор бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода ҷараён дошта, то имрӯз 150 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли равон бошад дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят то 500 гектар чунин токзор бунёд гардида, таҷрибаи пешқадам ва навигариҳои замони муосир истифода бурда хоҳад шуд.
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амният баргузор гардид
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти мамлакат доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.
Дар суханронии ифтитоҳии худ зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.
Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.
Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.




