РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Модарон ҷомеаро ба сўи ормонҳои олии инсонӣ ҳидоят менамоянд

6 марти ​ соли 2023 дар Қасри маданияти​ Арбоб бахшида ба Рӯ­зи Модар бо иштироки беш аз 700 нафар за­нону бонувон​ чораби­нии калони идона бар­гузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ тамоми​ тамоми модар­ону бонувони вилоятро табрик гуфта,​ ибр­оз дошт, ки бузургдо­шти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва ар­ҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро мода­рону бонувони азизи мо дар амалӣ гардида­ни ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худ­ро гузошта истодаанд­.​

Аёдати собиқадорон ба муносибати Рӯзи Модар дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд занону бонувонеро, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, аёдат карда, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни дидорбинӣ ва табрикот бо Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, Сайрам Исоева, Шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли фолклории «Бибиҳо», Санавбар Зоидова, Файзинисо Ғафурова, собиқадорони соҳаи маориф, Сарвар Неъматҷонова, собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хосият Зокирова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон аз ҷумла афзуд, ки пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бонувонро аёдат кард

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардаанд, аёдат кард.

Бӯстон. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд

Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бонувони барӯманд, собиқадорони меҳнатро ба ифтихори Рӯзи Модар таҳният гуфт.

Дар ин рӯз занони барӯманди шаҳр Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Аснои суҳбат Раиси вилояти Суғд аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону бонувон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони барӯманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос баён намуд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, фарорасии Рӯзи Модарро табрик намуд.

суҳбат бо собиқадорони меҳнат Малоҳат Пулотова ва Санавбар Нуруллоева Раиси вилоят иброз дошт, ки бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба занону модарон аст. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст.​