Шиносоӣ бо бунёди корхонаи нави металлургии корхонаи муштараки «Зарафшон»

Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди корхонаи иловагии металлургӣ идома дорад, ки бо фаъол шудани он 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Зарафшон» иттилоъ дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Саҳми ин корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ назаррас буда, бо маблағгузории «Зарафшон» иншооти гуногуни иҷтимоӣ низ бунёд мегардад.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии Панҷакент

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Дашти Қозӣ боздид намуд.

Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзеъ хатти оби полезӣ кашида шуда, 200 гектар замини санглоху бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Бо обёрии мавзеи Дашти Қозӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Зарафшон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент масоҳати боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ васеъ гардида, хоҷагидорон ба боғпарварӣ машғул ҳастанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент

5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳо дода шуд. Тавре маълумот доданд, дар панҷ моҳи соли равон нақшаи буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 108,1  фоиз иҷро гардида, ба буҷет 270 миллиону 226,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 107,3  фоиз таъмин гардида, ба ҷои 80 миллиону 58,3  ҳазор сомонии нақша, 85 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 5 миллиону 812,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ифтитоҳи Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён»

5 июл дар шаҳри Панҷакент Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти тиббӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибби хусусӣ низ рушд карда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи “Бешазор” дар Панҷакент

5 июл дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи “Бешазор” мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази хизматрасониву истироҳатгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати меҳмонон чор ҳавзи шиноварӣ, ҷойи омода намудани хӯрок ва айвонҳо барои истироҳат мавҷуд мебошад.