Бозии дӯстона миёни дастаҳои "Суғд" ва "Ҷиззах"

Дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" миёни дастаҳои "Суғд" ва "Ҷиззах" бозии дӯстона оид ба футбол доир гардид.

Дар ҳайати дастаҳо раисони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах Раҷаббой Аҳмадзода ва Эргаш Солиев низ бозӣ карданд ва бозии дӯстона бо ҳисоби 1-0 ба фоида дастаи "Суғд" ба анҷом расид.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Солиевро ба ҳузур пазируфт.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" бо роҳбарии Эргаш Солиев гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Ҷиззах ба Хуҷанд ташриф оварданд.

Маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022"

17 июни соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии муҳими сатҳи минтақавиро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори ҳаштум аст, ки ташкил карда мешавад. Сол аз сол зиёдшавии теъдоди иштирокдорони ярмаркаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки сатҳу нуфузи чорабинии минтақавӣ боло меравад.

Соҳибкорони вилояти Липетск ниҳол шинониданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия дар боғи назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳол шинониданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Анатолий Голтсов бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Суғд ва Липетск ниҳолеро, ки меҳмонон аз Липетск оварда буданд, шинонида изҳори боварӣ карданд, ки ниҳол - рамзи дӯстии ҷонибҳо ба дарахти бузург табдил хоҳад шуд.

Оғози Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо"

Субҳи имрӯз, 17 июн дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо" оғоз ёфт.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, беш аз 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок доранд.