Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Спитамен

21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳисоботи раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар панҷ моҳи соли равон шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба маблағи 219 миллиону 888 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҳимматшо», ҶДММ «Элегант», ки ба истеҳсоли регу шағал машғул мебошад, ба истифода дода шуда, корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Мавҷи Спитамен» бунёд гардид, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Деваштич техникаҳои кишоварзӣ супорида шуд

Бо идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба хоҷгагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 13 адад трактори гуногунтамға, 1 адад экскаватор ва 29 адад мошинолоти кишоварзӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ ба аҳолӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, масъулини Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», роҳбарият ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шоҳрух Холназаров ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду давлат тавсеа ёфта, доираҳои соҳибкории ҳарду тараф тарҳҳои муштаракро амалӣ намуда истодаанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо Тим Ҷонс

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят сафирро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки  Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносибатҳои хуби дӯстона дошта, бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф густариш ёфта истодааст.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилояти Липетски ФР

20 июн дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар мулоқот соҳибкорони вилояти Липетск бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ва масъулини идораҳои давлативу соҳибкорони вилояти Суғд иштирок доштанд.