Ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ ворид гардид

Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар маросими муаррифии нақлиёти сайёри тиббӣ, ки бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим хоҳанд бозид.

Мулоқоти Раиси вилоят бо​ ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мураббиён ва ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд​ мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки футбол аз намудҳои оммавитарини варзиш маҳсуб ёфта, барои таҳкими дӯстии халқҳо хизмат мекунад​ ва ҳамзамон муаррифгари миллату давлатҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз​ ҷониби​ ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, сатҳи футболи тоҷик сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод

9 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар мамлакат барои рушди футбол шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда,  аз ҷониби  Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футболи касбӣ диққати махсус зоҳир мегардад.

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи «Хуҷанд» ​

 

9 июн дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни мулоқот аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти Федератсияи футболи​ Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ёдовар гардида, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди футболи касбӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои соҳавӣ рушди футбол дар мактабҳои варзишии вилоят дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шудааст.

Мулоқоти Раиси вилоят, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи "Истаравшан"

8 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан» мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо мураббиён ва ҳайати даста Раиси вилоят таъкид кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ва​ таъмиру азнавсозии иншооти варзишӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида истодааст.