Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкат баррасӣ карда шуда, ба нақши корхонаи азими саноатӣ дар рушди соҳа баҳои баланд дода шуд. Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, дар он садҳо нафар кор мекунанд.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Нимаи аввали рӯзи 10 март машварати кории​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид ва дар он танзими нархи маводи аввалияи озуқаворӣ баррасӣ шуд.

Дар машварат масъулини мақомоти давлатӣ ва роҳбарони​ корхонаҳои истесоли орд​ ва воридкунандагони ғалла иштирок намуданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Миср

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид:

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср

Баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.