Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд оғоз гардид

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

Фарорасии Иди саиди Фитрро ба сокинони вилоят ​ самимона табрику муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақияту дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Иди саиди Фитр ифодагари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накўкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Басо рамзист, ки дар ин рўзҳои пурфайзи баҳорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти овозадори Суғд ташриф оварда, дар ифтитоҳи чандин иншооти ҳаётан муҳими дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуда истодаанд.

Аёдати беморону ниёзмандон дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт маъюбону камбизоатонро аёдат карданд. 

Раиси вилоят ва вазири маориф ва илм нахуст ба манзили оилаи Эшматовҳо, ки камбизоат мебошад, омадаву ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расониданд. 

Сипас, сокини деҳаи Ашти ноҳия Эшонбой Ғиёсиддинов, ки маъюб аст, аёдат карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҳим Саидзода аснои суҳбат қайд карданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон мунтазам ғамхорӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа зери сарпарастии давлат қарор дорад.

Аёдати маъюбон ва камбизоатон дар арафаи Иди саиди Фитр

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр ба манзили якчанд нафар камбизоатон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифт. 

Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати сокини маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”, маъюби гуруҳи якум Зӯҳро Шукурова, бошандагони маҳаллаи “Масҷиди Савр” собиқадори меҳнат, бонуи 100 сола Саноат Қурбонова, иштирокчии сохти конститутсионӣ Ёқуб Абдураҳмонов, истиқоматкунандагони маҳаллаи “Сирдарё”, шахси яккаву танҳо Раиса Шабаева ва маъюби гуруҳи якум Дилбар Ғаниева таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли қишри ниёзманди ҷомеа хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. 

1200 нафар даъватшаванда ба хизмати Ватан фиристода шуданд

3 апрели соли 2024 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели​ нахустин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури даъватшавандагон ва волидони онҳо иброз дошт, ки​ ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Тазаккур дода шуд, ки​ маросими мутантани гусели шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана гузаронда шуда, омодагии комили​ ҷавонони бонангу номуси вилояти Суғд ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ нишон медиҳад, ки​ онҳо хизмат кардан барои Модар-Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.