Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон

Имрӯз, 20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануел Миккалерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳо, густариши муносибатҳо ва татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят дипломати амрикоиро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкории судманд дорад.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо ҳокими вилояти Фарғона

Дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров мулоқот кард.

Аснои суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду мамлакат, ки самараи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Раисони вилоятҳои ҳаммарз барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби якҷояи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоятҳо, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуда, амалисозии тарҳҳои муфид барои минтақаро ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек маънидод карданд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Абдикарим Алимбаев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота​ бо намояндаи ваколатдори​ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.​

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ду вилояти ҳамсарҳадро баррасӣ ва аз натиҷаи кори гуруҳи кории муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият​ фаъолият дорад.

Гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рушди муносибатҳои дӯстона дар мадди назар қарор дорад.

Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд

Имрӯз ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. 

Мулоқоти сеҷонибаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки солҳои охир бо сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни минтақаҳо мустаҳкам гардида истодааст. Таҳкими муносибатҳои минтақавӣ аз ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз сарчашма гирифта, равобити кишварҳо таърихи дерина дорад.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ карда шуд. 

Раиси вилоят аснои мулоқот иброз дошт, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд рушд ёфта, бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд.