Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко — Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур истеҳсоли гӯшти аълосифати парандаро ба роҳ мондааст ва таҳти тамғаи “Савиа” маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Корхонаи парандапарварӣ дар асоси муосиртарин технологияи соҳавӣ бунёд гардида, иқтидор дорад дар як марҳила, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, 350 ҳазор сар чӯҷа парвариш намояд. Ба ҳамин шакл дар 1 сол бо роҳандозии 5 марҳилаи парвариш, дар фермаҳои навбунёди ин корхона 1 миллиону 750 ҳазор сар мурғ нигоҳубин ва аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол карда мешавад.



Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти пунбадона дар масоҳати 17 гектар замин иштирок карданд.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полезиро ифтитоҳ карданд.
Дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳамзамон бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коргоҳи коркарди меваро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
