Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот роҳбарон натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

9 декабр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Чун анъана дар ярмаркаи мазкур маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварда шуд.

Аз ҷумла, орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гўшти гову гӯсфанд, моҳӣ, меваҳои гуногун ва дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор пешниҳод гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал боздид карда, барои роҳандозии чунин иқдом дар оянда низ ба масъулин супоришҳо дод.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи геологҳо

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 9 декабр ҳамчун Рӯзи геологҳо таҷлил карда мешавад. Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кулли кормадон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрику таҳният менамоям.

Боиси хурсандист, ки  ин санаи муҳимро  кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошт ва мардум онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин мулоқот намуд. 

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими равобити дӯстона, ки дар дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин арзёбӣ карда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Федератсияи Россия ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия изҳори сипос кард. 

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати ФР ва соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳри Москва

5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинии сатҳи баланд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду тараф, ташкилоту идораҳои давлатии Россия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд. 

Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард.