Хабаргирии собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Давлатмоҳ Ҳомидова ва Муҳсиддин Шамсиддинов омада, бо онҳо суҳбати самимӣ орост. Таъкид карда шуд, ки ҳарду солиёни зиёд баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватан кору фаъолият бурда, саҳми эшон дар рушди соҳаи кишоварзӣ басо назаррас аст.

Раиси вилоят зимни мулоқот ва ҳолпурсӣ иброз дошт, ки собиқадорони арсаи меҳнат, ки тамоми умри бобаракати хешро барои пешрафти хоҷагии халқ сарф карданд, доимо таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода мешавад.

Дар ин раванд роҳбари вилоят зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳӣ ҳатман аз ҳолу аҳволи собиқадорон бохабар гашта, ба онҳо кӯмак мерасонад.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази тиббии байналмилалии «Мармед»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Маркази тиббӣ дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти​ таъмини​ рушди соҳаи тиб сохта​ мешавад.

Маркази тиббии байналмилалии «Мармед»​ аз 6​ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 36​ кат​ аст. Бино бо тарзу усули хоси меъморӣ ва ҷавобгӯ ба сатандартҳои байналмилалӣ​ бунёд ёфта, дорои утоқҳои алоҳидаи ташхису табобат, машваратӣ, маъмурӣ, бақайдгирӣ ва​ ду ҳуҷраи алоҳидаи ҷарроҳӣ мебошад.​

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 16 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Комиссяи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии С.С. Ятимов ва К.К. Ташиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳо оид ба рафти иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ барои ҷоннок кардани кор ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои наздимарзӣ дастурҳо дода шуд.

Ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ диплом ва ҷоизаҳо супорида шуд

Бегоҳии рӯзи 14 октябр дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки 3000 нафар варзишгарон, мураббиён, собиқадорони соҳа, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии вилоят, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Рафик Валиев нахуст даври финалии чемпионатро тамошо карданд.

Даври финалии чемпионати мазкур аз рӯи 8 вазн, аз ҷумла 4 вазн аз намуди тарзи озод ва 4 вазн аз намуди классикӣ дар алоҳидагӣ сурат гирифт. 

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Меҳргон

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дўстию рафоқати одамон бо якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст. Ба ин муносибат ҳамаи пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва кулли бошандагони вилоятро табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамаатон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар саодати рӯзгоратонро орзу менамоям.

Иди Меҳргон, ки рўзи Меҳр ҳам меноманд, асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекунанд. Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб омада, ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс кардааст. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавишт, тўҳфаҳо тақдим менамуд. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум манзилашро тоза мекард, беҳтарин либосашро мепўшиду ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, ин рўз рӯзи фараҳбахш ба ҳисоб меравад.