Боздиди Раиси вилоят аз «Мактаби Нури Раҳмон» дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Нури Раҳмон» шинос гардид.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Нури Раҳмон» соли 2012 аз ҷониби оилаи Раҳмоновҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Муассиса дорои 2 бинои таълимӣ бо фарогирии 24 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ (бо 20 адад компютер), 1 синфхонаи лингафонӣ (бо 17 адад компютер), толори варзишӣ, ошхонаи замонавӣ (бо 100 ҷои нишаст) ва китобхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Раиси вилоят дар ноҳияи Ашт ба хабаргирии собиқадорони меҳнат рафт

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла собиқадорони меҳнат Абдумуъмин Мамаюсупов ва Зокирҷон Иброҳимовро ҳолпурсӣ намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва зиндагии орому осударо орзу кард. Таъкид карда шуд, ки роҳбарияти вилоят дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадорони меҳнатро дастгирӣ менамояд.

Собиқадорони меҳнат дар навбати худ барои ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуданд.

Боздид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои соҳилбандӣ иттилоъ дода шуд, ки​ сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, сокинон низ дар ин иқдом саҳми арзандаи худро мегузоранд.​ Таваҷҷуҳи асосӣ​ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт 2510 гектар пахта кишт карда мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошобаи ноҳия дар маъракаи кишти пахта иштирок кард.

Тавре маълумот дода шуд,​ Ҷамоати деҳоти Ошоба аз калонтарин ҷамоатҳои пахтакори ноҳия ба ҳисоб рафта, заркорони ноҳия тасмим доранд, ки соли равон дар 2510 гектар пахта кишт намуда, саҳми худро дар ғанисозии хирмани ноҳия ва вилоят гузоранд. Дар ноҳияи Ашт соли равон 6200 гектар пахта кишту парвариш карда шуда, имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ деҳқонон ба корҳои саҳроӣ машғул ҳастанд.

Раиси вилоят якҷо бо пирони рӯзгор ба кишти пахта оғоз бахшида, аз кишоварзон даъват намуд, ки ҳар порча заминро пурсамар истифода намуда, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузоранд.

Пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ашт ба мавсими нави обёрӣ омода аст

5 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт аз пойгоҳи обкашии «АНС-2»-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия боздид намуд.

Тибқи иттилоъи масъулин соли ҷорӣ барои таъмиру таҷдиди иншооти обрасонии ноҳияи Ашт аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 700 ҳазор сомонӣ ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳамаи пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз​ соли гузашта 15 рӯз пештар ба фаъолият омода гардид.

Дар ноҳияи Ашт заминҳои кишоварзӣ асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, бо ин мақсад ҳамасола аз ҷониби давлат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.