Боздиди Раиси вилоят аз Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан чароғон карда мешавад.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таъмиру таҷдид соли 2014 ба истифода дода шуда буд. Варзишгоҳ барои 18 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда, имрўз ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр кард, ки соли равон дастаи футболи «Истаравшан» дар Лигаи олӣ баромад менамояд ва бозиҳои даста маҳз дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгў намудани варзишгоҳ дар майдони он сабзаи табиӣ истифода хоҳад шуд. 

Дар Истаравшан азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад.

Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда буд ва тамоми таҷҳизоти фароғатии он, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, аз кор монда буд. Боғи мазкур, ки дар кумитаи маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан аст, пурра азнавсозӣ хоҳад шуд.

Фармоишгари корҳои азнавсозию барқароркунӣ ҶДММ “Комрон-обод” мебошад.

Масоҳати боғ 2,3 гектар буда, маблағи лоиҳавии корҳои азнавсозӣ 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Аёдати тарбиятгирандагони «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-и шаҳри Истаравшан

3 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-и шаҳри Истаравшан боздид кард.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-шаҳри Истаравшан дорои 50 кат аст. Дар муассиса ҳоло 17 нафар кўдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 8 нафар писар ва 9 нафар духтар мебошанд.

Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони 2023-2024 дар муассиса 2 генератори барқдиҳанда мавҷуд буда, сўзишворӣ, ангишту ҳезум ва маводи ғизоӣ мутобиқи меъёр захира карда шудааст.

Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳо супорида, ба муррабиёну масъулин барои нигоҳубин ва тарбияи хурдсолон супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Маъруф Аъзамов хабар гирифт.

Ба шаҳри Хуҷанд 9 адад нақлиёти нави партовкашон ворид гардид

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд 9 адад нақлиёти нави партовкашон ворид карда шуд.

Нақлиёти партовкашонӣ ва 52 адад автошина дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» дастрас шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани калиди нақлиёт аз роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.

Воқеан ҳам бо васеъ гардидани ҳудуди аҳолинишини шаҳр, бунёд шудани хонаҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзун гардида, партовҳои сахти маишӣ зиёд шуда истодааст. Бо назардошти ин омил роҳбарияти шаҳр ҷиҳати сари вақт гирифтани партовҳо аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ободу зебо намудани он чорабиниҳоро амалӣ гардонида истодааст.

Чорабинии идона дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ дастархони идона ороста шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пиронсолон ва маъюбонро зери сарпарастии худ гирифта, ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамояд. 

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати дастгирии калонсолону маъюбон тадбирҳои заруриро амалӣ карда, ҳамеша ба ашхоси ниёзманд кӯмак мерасонад.

Калонсолону маъюбон бояд худро яккаву танҳо ҳис накунанд, зеро давлат онҳоро ҳимоят мекунад ва барои зиндагии онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст.