22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати намояндагони шаҳри Душанберо бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати шаҳри Душанбе, ки иборат аз 30 нафар аст, бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят ташриф овард.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки чорабинии сатҳи баланд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ҳамасола ташкил карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ярмарка истифодаи потенсиали мавҷуда ва таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад.



22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов мулоқот намуд.



