Дар шаҳри Конибодом аз оғози моҳи апрел парвариш ва нигоҳубини кирмак ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба Конибодом ба манзили оилаи Лазизовҳо омада, барои саҳми арзандаашон дар истеҳсоли пилла туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Таъкид карда шуд, ки пилла ашёи хоми саноатӣ буда, рушди кирмакпарварӣ боиси фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ мегардад. Оилаи Лазизовҳо соли равон як қутӣ кирмак гирифта, азм дорад то 50 тонна пилла ба даст оварад.
Зимнан маълумот дода шуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳру деҳоти Конибодом 1050 қуттии кирмак тақсим карда шуда, шуруъ аз 1-уми май қабули пилла оғоз меёбад.



Конибодом аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, сокинонаш анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро кишту парвариш менамоянд. Заминаи асосии фаровонҳосилиро таъмини саривақтии деҳқонон бо оби полезӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад айни замон кашидани хатти оби полезӣ аз дарёи Сир то ба заминҳои корам ва боғоти деҳоти Ҳамробоев ва Лоҳутӣ босуръат ҷараён дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд.
Имрӯз мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди саиди Фитрро таҷлил намуда, намози идро барпо доштанд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи "ММК Агро" шинос гардид.
