Раиси вилоят дар Истаравшан ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат Саломат Додоева ва Музаффара Олимова рафт.

Корманди шоистаи Тоҷикистон Саломат Додоева соли 1944 таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият дошт. Хизматҳои мавсуф бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаҳои қадр шуда, ӯ аз соли 2007 инҷониб дар нафақа аст.

Музаффара Олимова соли 1958 ба дунё омада, дар мактабҳои шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Гули сурх чандин сол кор карда, дорандаи мукофоти давлатии медали Хизмати шоиста мебошад.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Истаравшан

Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногун идома дошта, саҳми соҳибкорон низ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ назаррас аст.

Масалан, соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Ҳамдамов дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки дар деҳаи Боғи калони шаҳри Истаравшан бинои нави таълимӣ сохта, барои ҳамдиёрони худ шароити мусоид фароҳам орад. Бинои мактаб дуошёна буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ мешавад.

Дар маросими гузоштани санги асос Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таъкид кард, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода мешавад. Саҳми соҳибкорону саховатмандон низ дар иҷрои корҳои хайр назаррас буда, фароҳамсозии шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас хизмати бузург маҳсуб меёбад.

«Оби зулол» ба Чин маҳсулот содирот мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» содироти маҳсулото ба Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз намуд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои масъулин дар мулоқоти ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масъалаи содироти меваю афшураҳои Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуда буд ва дар натиҷаи дар баробари дигар корхонаҳо Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» имкон пайдо кард, ки маҳсулоташро ба ин кишвар содирот намояд.

Дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, нӯшокиҳо бо бренди «Оби зулол» дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд дорад ва 50 фоизи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба хориҷи мамлакат содирот мешавад.

Шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар шаҳри Истаравшан

27 июли соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва сохтмони як қатор иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳоти Нофароҷ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Рашидбобо» таваҷҷуҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Рашидбобо» дорои 31 гектар замин буда, соли равон дар 8,5 гектари он картошка, 5 гектар гандум ва дар боқимондаи замин зироати гуногун кишт гардидааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо ҷамъоварии ҳосил барои гузаронидани кишти такрории зироатҳо омодагӣ дида, анвои гуногуни маҳсулот истеҳсол менамоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз фаъолияти кишоварзон вобаста буда, бояд дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ низ гузаронида шавад.

Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо ҷараёни сохтмони ҶДММ «Комбинати равғанбарорӣ», корхонаи банду басти меваи ҶДММ «Доро инвест», корхонаи истеҳсоли шиша, инчунин фаъолияти ҶДММ «Файзи ҷаҳон» шинос гардид.

Зимни боздид роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва воридсозии таҷҳизоти пешрафта тавсияҳо дода, фаъолсозии корхонаҳои навро барои таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти ватанӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.