Мулоқот бо директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон" Чан Яо Минро ба ҳузур пазируфт. 

Аснои суҳбат таъкид гардид, ки корхонаи муштарак ба истихроҷ ва коркарди маъдани куҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа машғул буда, дар он беш аз 2800 нафар кор мекунанд ва маоши баланд мегиранд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми корхона корхонаҳои нав ба фаъолият шурўъ карда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат нақши бориз мегузоранд. Яке аз чунин корхонаҳо ба истеҳсоли мис машғул аст ва маҳсулот содиротӣ мебошад. Коргоҳи мазкур иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд. Маврид ба зикр аст, ки аз ин миқдор консентрати коркардшуда миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад. То ба сохта ба истифода додани корхонаи мазкур хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд.

Иди байналмилалии Наврӯз дар Суғд бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта шуд

23 марти соли 2024 тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Суғди бостонӣ идома ёфта, сокинони шаҳру ноҳияҳо бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ ва ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси Наврӯз, бозиҳои миллии варзишӣ, қироати шеъру таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ва ҳайати ҳамроҳонашон аз хаймаҳои наврӯзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид карда, бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандону собиқадорони меҳнат, иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ сӯҳбатҳо намуда, аз таърихи Наврӯзи хуҷастапай ва саҳми он дар тамаддуни башарият ёдоварӣ карданд.

Боздид аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ярмарка боздид карда, бо нарху навои маҳсулоти пешниҳодшуда шинос шуданд.

Дар ярмаркаи мазкур, ки бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти нисбатан арзон ташкил гардид, маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орд, шакар, равған, биринҷ, пиёзу картошка, гӯшти моҳӣ, паранда, гову гӯсфанд, нону маҳсулоти қаннодӣ, меваву сабзавот ва номгӯи зиёди маводи ғизоӣ пешниҳод карда шуд. 

Раиси вилояти Суғд аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии ҷашни муборак ва хуҷастаи Наврўзи байналмилалиро табрик гуфта, ба хизматчиёни ҳарбӣ саломативу саодати пойдор ва дар иҷрои рисолати муқаддас -хизмат ба Ватан муваффақиятҳо орзу кард.

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони деҳоти Ғӯлакандоз

Сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат Наврӯзи хуҷастапайро бо шукуҳи хоса таҷлил намуданд.

Дар чорабинии наврӯзии сокинони ҷамоат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирок карда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро табрик намуданд.

Зимни суҳбат бо сокинон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатии кишвари азизамон, маҳз дар заминаи талошҳои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз ва суннатҳои он аз нав эҳё гардида, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад.