Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

20 ноябри соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст доир ба сафари кории​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки рӯзҳои 14-15 ноябр сурат гирифт, ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки дар доираи сафар як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ба истифода дода шуд.​

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти гуногун идома дошта, сокинони меҳнатқарини шаҳр барои таҷлили шоисати ҷашнҳои милливу давлатӣ омодагӣ доранд.

Раиси вилоят аснои сафар корҳои сохтмонии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Лоиҳаи боғ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.

Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт

Имрӯз, 17 ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф таъкид кард, ки дар мамлакат ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо даҳҳо мактабу кӯдакистон бунёд карда мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, воқеъ дар деҳаи Ҷигда аввали соли равон шуруъ шуда буд.

Қадршиносии якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ

16 ноябр дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои судманд амалӣ гардида, мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир шуда истодааст. Зеро варзиш гарави саломатӣ, боиси дарозумрӣ, василаи комёбиҳост ва одамони синну соли мухталиф ва гуногункасб ҷиҳати нигоҳдории тандурустиашон пайваста ба варзиш машғул мешаванд.

Дар дарвони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон ҳисси хештаншиносӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшон тақвият ёфта, имрўз варзишгарони кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд дар арсаи ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат дар қатори давлатҳои мутараққӣ қарор доранд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

16 ноябри соли 2023 дар Қасри Арбоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, аҳли зиё ва шоирону адибон, воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиши идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аҳли толор ва сокинони шарафманди вилоятро ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи тамоми минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд.