
31 январ дар вилояти Суғд Иди Сада ҷашн гирифта шуда, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид.
Дар идгоҳ, ки назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ интихоб гардида буд, дар хаймаҳо аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин, Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулотии дастии ҳунармандон, кандакорону оҳангарон, сӯзанидӯзону тарроҳон ба намоиш гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хаймаҳои идона боздид кард ва сипас иштирокдорони чорабинӣ ва тамоми мардуми шарифи вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик–Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрўзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, табрик гуфт ва зиндагонии хушу хуррам, дастархони пур аз нозу неъмат ва ободию осоиши рўзгорро таманно намуд.




31 январ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Рӯзи якшанбеи 28 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи кунинии варзишгоҳҳо шинос гардид.

