Нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

6 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ беш аз 100 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси вилоят зимни ироаи маълумот таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардида, нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ ба 35,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 фоиз расонида шуд. Дар сохтори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилоят 26,9 фоизро ташкил намуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти картошкаи барвақтӣ ҷараён дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти барвақтии картошка иштирок намуд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24 ҳазору 281 гектар замини корам мавҷуд буда, деҳқонони ноҳия нақша доранд, ки соли равон дар майдони 19748 гектар кишти баҳориро анҷом диҳанд.

Роҳабри вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноку оқилонаи замин барои рӯёнидани ҳосили баланд, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини киштзор бо оби полезӣ, риояи ҳатмии структураи кишт, гирифтани ду - се ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Оқил Оқиловро табрик намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов омада, ӯро бо рўзи мавлудаш табрик намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Оқил Оқиловро бо фарорасии рўзи мавлуд табрик намуда, ба эшон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодату сарбаландӣ, осоишу хотирҷамъӣ ва умри дароз таманно кард.

Тазаккур дода шуд, ки Оқил Оқилов дар тўли умри бобаракат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши муассир гузоштааст. 

Мавсуф солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои пурмасъули вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси вилояти Суғд, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд фаъолият намуда, дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ғайрату матонат ва истеъдоди баланди кордонӣ нишон додааст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкории тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида истодааст.

Дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола садҳо адад корхонаҳои саноатӣ фаъол гардонида мешавад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 миллиарду 51,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2 миллиарду 923,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил медиҳад.

Шиносоӣ бо фаъолияти «Мактаби Оксфорд» ва аёдати собиқадорон дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» шинос гардид.

Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардида, соли 2021 ба истифода дода шуда буд.

Мактаб аз 2 бинои 4-ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пушида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёнияти мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ мучаҳҳаз карда шудааст. Айни замон дар муассисаи таълимӣ 272 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хонандагон 42 нафар омӯзгор, ки 9 нафари онҳо аз Британияи Кабир ва дигар давлатҳо мебошанд, дарс мегӯянд.