Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла а ҳоли Оқил Оқилов, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар гирифта, ба ӯ тансиҳативу хонаободӣ ва хушиҳои рўзгорро таманно намуд.

Зимни дидорбиниҳо таъкид гардид, ки соли ҷорӣ барои мардуми тоҷик соли бобарор буда, дар ин сол рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъмин карда шуд.

Бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардид ва дар соли оянда низ барои расидан ба ҳадафҳои созанда чораҷӯӣ карда хоҳад шуд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

29 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи "Суғдиён" мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнати вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки соли 2023 ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд, бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайатҳои расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. 

Ҳайати вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ба вилояти Суғд ташриф овард.

Мулоқоти ҷонибҳо бо иштироки роҳбарони вилоятҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар қароргоҳи Сарвари давлат ҷараён гирифт. 

Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои дӯстона миёни вилояти Суғд ва вилояти Бодканд таҳким ёфта, ба тақвияти ҳамкориҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Зеро муносибати неки ҳамсоядорӣ омили асосии густариши робитаҳо ба ҳисоб меравад.

Раиси вилояти Суғд собиқадорони меҳнат ва оилаҳои камбизоатро хабар гирифт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли собиқадорони меҳнат ва чанд оилаи камбизоат хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба манзили собиқадори соҳаи маориф Файзӣ Ғафурова ва собиқадори хизмати давлатӣ Хосият Зокирова омада, ба онҳо суҳбат орост.

Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба хизматҳои собиқадорони меҳнат арҷ мегузорад. 

Раиси вилоят ба бонувони номдори шаҳр тани сиҳат ва хушиҳои рўзгорро орзу кард.

Ҷаласаи ҳафтуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд

 23 декабр дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" ҷаласаи ҳафтуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, аъзои Шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорону шарикони рушд ва васоити ахбори умум иштирок намуданд.

Раиси вилоят бо сухани ифтитоҳӣ ба кори Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ оғоз бахшид ва сипас оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи гузашта котиби Шӯро Шарифҷон Ахмедов гузориш дод.

Сипас, аз ҷониби ҳайат ва аъзои Шўро аъзои нав қабул гардид.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи “Ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва тандурустӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.