Субҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода тибқи дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.
29 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи "Суғдиён" мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнати вилоят баргузор гардид.


