Баргузории Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғона

8 сентябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров

8 сентябр дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкориҳо омодагии худро изҳор доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоровро ба ҳузур пазируфт

8 сентябр дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоровро ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмононро, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд, хайрамақдам гуфт.

Ташрифи гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

8 сентябр гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмонон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омаданд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат – солгарди ҷашни мубораку муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию осудагӣ, хонаи обод ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани маҳбуб дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих, мояи ифтихори ҳамагон, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир, муҳим будани исиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дарк намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми ватандӯстона гузорем.