
3 январи соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди наздик 1000 иншооти таъиноташ гуногун дар назар дошта шуда, иншооти ҷашнӣ бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, соҳибкорон ва шахсони алоҳида сохта ва ба истифода дода мешаванд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва қасри фарҳанги шаҳр аз ҷумлаи иншооти ҷашниест, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Истаравшан сохта шуда истодааст. Лоиҳаи боғи фарҳангию фароғатӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.








