
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардида, барои вусъатбахшии корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи қасри фарҳанг ва корҳои сохтмонии он иттилоъ дода шуд, ки иншооти ҷашнӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта хоҳад шуд.
Қаср аз 5 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои омӯзишӣ, китобхонаву осорхона, толорҳои намоиши кино,маҷлисгоҳ ва дигар утоқу ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бунёди бузургтарин иншооти соҳаи фарҳанг дар маркази вилоят имкон медиҳад, ки чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ дар он баргузор шуда, барои кормандони соҳа шароити мусоиди корӣ фароҳам оварад шавад.








