Раиси вилоят дар ноҳияи Ашт аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт

9 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт. 

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили сокини шаҳраки Шайдони ноҳия Нарзулло Ваҳҳобов омада, ӯро аёдат кард. Мавсуф солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият бурда, айни замон нафақахӯр аст. Ӯ аз соли 1995 то соли 2002 дар вазифаи раиси ноҳияи Ашт кор карда, дар пешрафти хоҷагии халқ саҳми худро гузоштааст.

Сипас роҳбари вилоят сокини маҳаллаи Суҷҷаи деҳоти Понғоз Марзиямо Мақсудҷоноваро аёдат намуд. Номбурда соли 1940 ба дунё омада, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст. 

Ифтитоҳи қароргоҳ барои кормандони ҳолатҳои фавқулода дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт

9 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бинои корӣ барои кормандони хадамоти оташнишонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Қароргоҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашар сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, 144 метри мураббаъ масоҳат дорад ва бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар қароргоҳ, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш ташкил шуд, 10 нафар мутахассисон кор мекунанд.

Барои қароргоҳи сӯхторхомӯшкунӣ инчунин ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ нақлиёти махсус ва дигар таҷҳизот харидорӣ шудааст.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт

9 январ дар деҳаи Сарвати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинон суҳбат намуд. 

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз рушди соҳаи варзиш ва бунёди иншооти варзишӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наврасону ҷавонон даъват кард, ки мунтазам ба варзиш машғул шаванд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ бо мақсади ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани насли наврас аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҷӯраев сохта шудааст. 

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд

7 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд боздид карда, бо рафти корҳои барқарорсозии иншооти нодир шинос гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, эҳёи беҳтарин анъана ва суннатҳои неки аҷдодӣ, муаррифии тамаддуни оламшумули тоҷик ба ҷаҳониён Қалъаи Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуд. Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз 3 ҳазорсола дошта, муаррифи таъриху фарҳанги ин шаҳри қадимаи тоҷикон мебошад.

Корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд соли 2018 оғоз ёфта, то ин марҳила корҳои зиёд амалӣ гашта, сохтмончиёну паймонкорон, рассомону наққошон, таърихнигорону бостоншиносон, ҳунармандони касбиву халқӣ дар эҳёи ин иншооти таърихӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Шиносоӣ бо сохтмони кӯдакистони замонавӣ дар Хуҷанд

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад.

Ба пешвози ҷашни таърихии миллат дар шаҳру ноҳияҳо бунёди 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар тамоми қаламрави вилоят бунёдкориҳо дар авҷ аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонии кӯдакистони рақами 9 ҷараён дошта, бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Иншоот тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, барои қабулу таълими кӯдакон дар 16 гуруҳ пешбинӣ гардидааст.