4 октябри соли 2023 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ иброз дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Зеро тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд, ки ҳамаи мо шоҳиди ин падидаи нек ҳастем.




02-юми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ доир гардид ва ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ эълон шуд.
