
25 март дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Раиси вилоят дар машварат иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин росто дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ бо суръат идома дорад.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо роҳбари вилоят барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, воридсозии таҷҳизоти муосир ва ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фаъолсозии корхонаҳои бозистода, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулини соҳаи саноат супоришҳои мушаххас дод.








