Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Имрӯз дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Мулоқот зери роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҷараён гирифта, дар он ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ суҳбат анҷом дод

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара як гуруҳ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо оқибатҳои ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон шинос гардиданд.

Аснои сафари корӣ ба ин минтақа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рӯзноманигорони расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ суҳбат анҷом дод. Зимни суҳбат роҳбари вилоят вобаста ба вазъи зиндагии мардум, оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона, зиёни расида, дастгирии сокинони зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.

Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳоти шаҳри Исфара боздид карда, ба наздикону пайвандони сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шудаанд, изҳори ҳамдардӣ намуд.

Раиси вилоят аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи ҳалокшудагони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем ва Кӯлканди шаҳри Исфара ҳамдардӣ баён намуда, изҳор дошт, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои шаҳидони Ватан дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Ситоди махсуси вилоятӣ ташкил шуда, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорат аст

Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ ва сари вақт бунёду барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоӣ Ситоди махсуси вилоятӣ таъсис ёфтааст.

Роҳбари Ситоди вилоятӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буда, ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ таҳти назорат қарор дорад.

Ба сокинони зарардида кумакҳои моддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас гардид

Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зарардидагони даргириҳои марзӣ кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

Аз ҷумла, ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ 10 тоннагӣ семент, 120 донагӣ шифер, 2 тоннагӣ арматура, 20-30 ҳазор донагӣ хишт, 8 кубӣ тахта, дару тирезаҳо ҷудо гардид. Манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.