Мулоқоти Раиси вилоят бо Ян Чжи Сай

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мушовири махсуси роҳбари ширкати "Тибет Эверест" Ян Чжи Сай мулоқот намуд.

Дар мулоқот фаъолияти кунунии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар пешрафти саноат назаррас аст. Дар корхона асосан консентрати сурб ва консентрати руҳ истеҳсол мешавад ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мебошанд.

Ҷонибҳо амалӣ намудани тарҳҳои нав, воридсозии технологияҳои муосир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зарур шуморида, ёдовар шуданд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода бурда шавад.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд

21 декабр дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ин маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ўрунов, дастаҳои футболи вилоят ва собиқадорон, бозигарону варзишгарон иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар оғози суханронии худ аз иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки бори аввал иштирок менамояд, изҳори хушнудӣ намуда, илова кард, ки дар мамлакат бо дастгириҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди соҳаи варзиш таъмин гардида истодааст.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”-ро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар корхона айни замон наздик 300 нафар занону духтарон ба кор таъмин гардида, ояндаи наздик боз 100 нафари дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб хоҳанд шуд. 

“Арвис Зелал Текстайл” дар натиҷаи тадбирандешиҳои саривақтии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия пас аз солҳои бозистӣ ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст. 

Корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли давлатҳои пешрафта муҷаҳҳаз буда, давоми сол муваффақона ришта истеҳсол менамояд. 

Хабаргирии собиқадорони меҳнат ва аёдати беморон дар ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода Мирҳаёт Бердиев, собиқадори соҳаи тандурустӣ ва Холиқбердӣ Сафаров, собиқадори соҳаи кишоварзиро дар манзили зисташон хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. 

Дар суҳбат бо собиқадорони меҳнат таъкид гардид, ки давлат ҳамеша меҳнати софдилонаи собиқадоронро қадр мекунад ва ҳаёту фаъолияти пирони рузгор барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.

Сипас роҳбари вилоят фарзандони оилаи Сафарзодаҳоро, ки бо амри тақдир беморанд, аёдат намуда, ба наврасон туҳфаҳои худро тақдим кард.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

20 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Янтоқ-1" ва "Дилварзин‐1" боздид карда, бо ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав шинос гардид. 

Корҳои таъмиру тармими иншооти соҳа моҳи октябр оғоз ёфта, дар ҳамаи 56 дастгоҳи обкашии ноҳия идома дорад. То имрӯз муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини таҷҳизоти зарурии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст.

Дар ноҳия ҳамзамон тоза намудани 32 км каналҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 10 км корҳо ба анҷом расонида шудааст. Барои иҷрои корҳо аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ техникаи зарурӣ равона шудааст.