Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар деҳаи Гулистони ноҳияи Шаҳристон

1 сентябри соли 2023 дар​ деҳаи Гулистони ноҳияи Шаҳристон бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия устодону хонандагонро​ ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда,​ дар Рўзи дониш ва дар арафаи ҷашни 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаро нишони таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба соҳаи маориф арзёбӣ кард.

Қайд карда шуд, ки аз ҷониби​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.​ Мақсад аз сохтмони таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ он аст, ки кӯдакону наврасони Ватани азизамон бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир баҳравар бошанд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи авиатсия

Ҷашни истиқлоли давлатӣ ва иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар шароите таҷлил мегардад, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор истиқбол гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо азми қавӣ ва субот талош меварзанд. Кормандони соҳа ва собиқадоронро бо иди касбиашон табрику таҳният мегӯям.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари азизамон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, ки он аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Пас аз раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян шуда, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ дар қатори дигар соҳаҳо авиатсияи гражданӣ низ рушд ёфт, робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуданд.

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

1 сентябри соли 2023​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба​ Донишгоҳи давлатии​ Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар чорабинӣ ба муносибати​ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуд.​

Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону доншҷӯён, ва дар симои онҳо тамоми муҳассилини макотиби миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро​ ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.​

Таъкид карда шуд, ки чун анъана дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рўзи дониш бо тантана ва шукуҳи хоса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ин неъматҳои бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз менамоянд. Гузашта аз ин, таҷлил намудани Рўзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавият гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷўҳи доимии хоссаи ​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф мебошад.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Устодону омӯзгорони муҳтарам!                 

Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ!

 Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин бора таъкид намудаанд: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар кори машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва як қатор корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар машварат таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, бо истифода аз имкониятҳо ҷиҳати афзун намудани дастовардҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.