Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

4 марти соли 2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, роҳбарони бонкҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.

Дар машварат ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 29 феврали соли 2024 баён шуда буд, супоришҳо дода шуд.

Муаррифии кадрҳои навтаъини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу мудофиа

4 март дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мўсо Одиназода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муаррифии кадрҳои навтаъин баргузор гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2024, №755 «Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо» Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат ба вазифаи раиси Суди вилояти Суғд ва Акрам Аҳмадзода ба вазифаи раиси суди ҳарбии горнизони Хуҷанд таъин гардиданд.

Ҳамзамон бо розигии Сарвари давлат ва тибқи фармони вазири мудофиаи мамлакат генерал-майор Солеҳзода Умед Иззатулло комиссари ҳарбии вилояти Суғд таъин гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори маъруф Бахтиёр Мирзобаҳодуровро табрик намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори маъруф ва ватандӯст Бахтиёр Мирзобаҳодуровро, ки дар пешрафти хоҷагии халқ саҳми арзанда дорад, ба ҳузур пазируфт. 

Раиси вилоят аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мавсуфро ба муносибати 60-солагиаш табрик намуда, ба ӯ хушиҳои рӯзгор ва дар корҳои минбаъдааш комёбиҳо таманно кард. 

Соҳибкори шинохта соли 1986 Донишгоҳи савдои шаҳри Донетски Ҷумҳурии Украинаро бо муваффақият хатм намуда, солҳои 1986-1993 ба ҳайси корманди трести хӯроки умумии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 1993-2007 ба ҳайси раиси раёсати ширкати “Барс” кор кардааст. 

Малакаи баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигиаш боис гардид, ки солҳои тӯлонӣ, аз соли 2007 то имрӯз ҶДММ “Ширкати Барс” дар шаҳри Хуҷандро сарварӣ менамояд.

Шиносоӣ бо рафти сохтмону барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар Қалъаи Хуҷанд шинос гардид.

Бояд қайд намуд, ки Қалъаи Хуҷанд, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳёву барқарор карда мешавад. Соли панҷум аст, ки азнавбарқароркунии Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо маром идома дорад. 

Маврид ба таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, олимон, таърихшиносон, бостоншиносон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои архиологӣ, муҳандисӣ, топографӣ ва геологӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Бо ҳамин тартиб дар асоси пешниҳодоти мутахассисон ва олимону таърихшиносон корҳои эҳё ва барқарорсозӣ сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда мешавад. 

Вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар Суғд

2 март бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Раиси вилоят баъд аз боздид аз ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо бо мақсади сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист ниҳолҳои ороишӣ шинонида, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини дарахтон тавсияҳо дод. 

Тазаккур бояд дод, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву хуррамгардонӣ идома дошта, сокинон ва кормандони ташкилоту идораҳо дар ҳашарҳои ниҳолшинонӣ иштирок карда, саҳми худро дар ободонии маҳал гузошта истодаанд.