
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати вилояти Хатлонро бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ба ҳузур пазируфт.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва ҳамроҳонаш бо мақсади иштирок дар нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилояти Суғд омадаанд.
Тазаккур бояд дод, ки барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» аз вилояти Хатлон беш аз 25 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар аснои суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ва форуму чорабиниҳои марбут ба он тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби сармоя ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ва шарикони рушд, инчунин содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар доир мегардад.



22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт.
21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвачро ба ҳузур пазируфт.
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кўчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ вусъат меёбад.
