Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ "Рахшона"- и ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ "Рахшона" шинос гардид. 

ҶДММ "Рахшона" аз ҷамъиятҳои серсоҳа буда, дорои заминҳои пахта, корхонаҳои коркарди пахта, боғҳои гуногун ва ҳавзҳои моҳипарварӣ аст. Дар ҷамъият барои кору фаъолият шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, шумораи зиёди коргарон кор мекунанд. 

Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят бо мақсади рушди моҳипарварӣ ба ҳавзҳои моҳипарварии ҷамъият моҳии навъи сазанро сар дода, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят аз заминҳои пахтаи ҷамъият низ боздид карда, бо деҳқонону пахтакорон ва коргарон суҳбат анҷом дод. Дар суҳбат тазаккур дода шуд, ки дар шароити кишвари мо қисми зиёди онро куҳсор ташкил мекунад, бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад. Ба масъулин супориш дода шуд, ки барои нигоҳубини пахта ва обу ғизодиҳии он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. 

Хабаргирӣ аз ҳоли собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ашт

30 апрел зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт. 

Раиси вилоят ба манзили Равзалиева Хурсандой ва Шодиев Мадисмон омада, бо собиқадорон суҳбат анҷом дод. Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии собиқадорони меҳнат тадбирҳои заруриро амалӣ карда, ин қишри ҷомеаро ба ғамхорӣ фаро мегирад. Зеро кору фаъолияти собиқадорон барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова намуд, ки саҳми собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои фаъоли ҷомеа дар тарбияи наврасону ҷавонон назаррас буда, калонсолон бояд наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоянд. 

Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст

30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадз­ода дар ноҳияи Ашт аз боғоти зардолуи хо­ҷагии деҳқонии "Куҳс­ор" боздид намуд.

Хоҷагии деҳқонии "К­уҳсор" дорои 13 гект­ар боғи зардолу буда, бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ҳо­сили дарахтон хуб ас­т.

Боғпарварон тасмим доранд, ки пас аз пухта расидан ҳосилро ҷамъоварӣ карда, со­дироти онро ба роҳ монанд.

Дар хоҷагӣ 3 гектар зардолуи пешпазак мавҷуд аст, ки ҳамасо­ла ҳосили он - зардо­луи тар ба Федератси­яи Россия Қазоқистон содирот ме­гардад.

Таъкид бояд кард, ки ноҳияи Ашт дорои 20 ҳазор гектар боғоти зардолу аст ва боғп­арварон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиран­д.

Беҳтаршавии вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ дар Конибодом

29 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом бо вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ шинос шуд.

Дар натиҷаи тадбирандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чанд соли охир бори аввал вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо об беҳтар гардида, барои шодобсозии беш аз 4000 гектар заминҳои минтақа имкон фароҳам оварда шуд.

Об аз пойгоҳи обкашии "Маҳрам-1" ва канали калони Фарғона ба киштзор омада, деҳқонон бо дилгармӣ дар замин кор карда истодаанд.

Раиси вилоят барои тақсимоти дурусти об ва истифодаи самараноки он ба масъулин супоришҳо дода, илова намуд, ки бояд ҳар порча замин пурсамар истифода гардад.

Мумфаршкунии роҳҳо дар деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом

29 апрел дар шаҳри Конибодом ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ ва суҳбат бо сокинони деҳа иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта, симои шаҳру ноҳияҳо дигар гардида истодааст.

Таъкид карда шуд, ки дар шаҳри Конибодом низ ба истиқболи ин ҷашн бунёду навсозии иншооти гуногун идома дошта, сокинон бо руҳияи баланд барои ободонии маҳал саҳм мегузоранд.